- ҷудо
- I[جدا]1. фосиладор, дур аз ҳам, алоҳида, канда2. буридашуда аз чизе, қатъшуда3. танҳо; ҷудо будан ба таври алоҳида воқеъ будан, дур будан, танҳо будан; ҷудо гардидан (гаштан) а) дур шудан, канда шудан; б) маҳрум гаштан; ҷудо кардан а) дур кардан, алоҳида карда мондан, сиво кардан; б) буридан, аз ҳам фосиладор гардонидан; в) махсус гардонидан, таъйин кардан; г) интихоб кардан, хоста сара карда гирифтан; ғ) аз ҳам дур гардонидан, маҳрум намудан; д) фарқ кардан, фарқ кунондан, мумтоз ва мушаххас гардонидан; аз ҳам ҷудо кардан аз ҳамдигар дур кардан, ба байни ду кас ҷудоӣ андохтан; ҷудо мондан дур мондан, канда шуда мондан, танҳо мондан; ҷудо шудан а) канда шудан, гусистан, қатъ гардидан, дур афтодан; б) дур афтодан; в) тақсим шудан, аз ҳам бурида шудан; ҷудо шудан аз зани худ (ё аз шавҳари худ) якҷоя зиндагӣ накардан бо зани худ (бо шавҳари худ), талоқ додан зани худро (баромадан аз шавҳари худ); ҷудо шудан аз касе, аз чизе маҳрум шудан аз касе, чизе, гум кардан касеро, чизеро; ҷудо шуда истодан фарқ кардан (ду чиз аз ҳамдигар), имтиёз доштан нисбат ба дигаре; ҷудо-ҷудо алоҳидаалоҳида, ба таври алоҳидаII[جدا]гуфт. хеле, бисёр, бисёр ҳам, хусусан, аз ҳад зиёд
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.